Дар Русия шумораи сироятёфтагони коронавирус аз як миллион нафар зиёд гардид

Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия аз афзоиши шумори мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар ба беш аз як миллион нафар хабар дод.
Ситоди амалиёти пешгирӣ ва назорати вируси корона дар Русия ахиран эълом кард, ки бо сабти 4 729 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар, шумори мубталоён ба ин вирус дар Русия ба 1 000 048 нафар расидааст.
Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия, теъдоди қурбониёни вируси корона дар ин кишварро низ 17 299 нафар эълон кард.
Давлати Русия, барои муқобила бо вируси корона дар ҳафтаҳои ахир дар чанд навбат иҷрои карантинро дар дастури кор қарор додааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пештар дар ҷамъи аъзои давлат бо ишора ба сабти нахустин ваксинаи корона дар ин кишвар эълом кард, ин ваксина ба таври муштарак аз сӯи муассисаи таҳқиқотии «Гамалия» ва Вазорати дифоъи Русия тавлид ва озмоишҳои болинии он 18 июни 2020 оғоз шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ