Харбуза

Харбуза

  • Post category:Саломатӣ


Харбуза – ин як намуди меваи полизӣ аз оилаи кадугиҳо буда ба меваҷоти бодирингшакл шомил мебошад. Харбуза гарчанде дар кулли кишварҳои гарм рӯяд ҳам, вале ватанаш асосан Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва Афғонистон мебошад.
Табиатан харбуза меваи рӯшанӣ ва гармиро дӯстдоранда мебошад ва дар заминҳои хушк, тасфон ва шӯр пуртоқат аст. Дар ин радиф бояд гуфт, ки гарчанде харбуза аз серобӣ хеле калон шавад ҳам, вале намиро дӯст намедорад.
Таърихи харбуза зиёда аз ҳазорсоларо ташкил намуда дар таҷриба қариб ки шакли ёбоии он во намехӯрад. Дар ҷаҳон тақрибан 10-20 намуди харбуза ҳаст. Аз харбуза мураббо низ тайёр менамоянд, ки дар зимистон ба сифати ширинӣ ва маводи табобатӣ истеъмол менамоянд. Ба андешаи пирон харбуза ин меваи Биҳишт буда беэҳтиромӣ нисбати он гуноҳ аст ва дуздидани он савоб гӯё бошад.
Бемории асосии харбуза асосан ин касалиҳои шира мебошад, ки нисбати он доруҳои махсус аз ҷониби деҳқонон истифода бурда мешавад. Умуман харбуза хусусияти табобативу таъсиррасонии калон дошта ҳазмшавиаш осон буда, барои кӯдакон, мардҳо ва пирон хело муфид аст. Дар таркиби харбуза витаминҳои А, Р, С, каротин, фолиева ва кислотаи аскорбин, равған, намак, оҳан, калий, натрий дорад. Харбуза назар ба тарбуз чандон ширинтар буда, мутаассифона ташнагиро на онқадар метавонад шиканад.
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ