Аз 11-уми сентябр мумкин аст, ки ба намози ҷумъа иштирок намоед


Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ оид ба омодасозии барномаи чорабиниҳо оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон қарори дигар қабул кард. Дар ин бора, ҷонишини сарвазир Азиз Абдуҳакимов хабар дод.
Мувофиқи он, аз 5-уми сентябри соли 2020 ба ташкилотҳои динӣ иҷозаи баргузории намозҳои гурӯҳӣ (маросимҳои динии ҷумъа ва шанбе-якшанбе) дода мешавад. Дар ин ҳолат, иншоотҳои мазкур бояд ба қоидаҳои зерини санитарӣ риоя намоянд:
таъмини масофаи иҷтимоӣ байни меҳмононе, ки барои адои намоз омадаанд;

кормандони ташкилотҳои динӣ ва меҳмонон бояд бо ниқобҳои тиббӣ бошанд;
риояи қатъии талаботи санитариву гигиенӣ ва дезинфексионӣ, мунтазам дезинфексия кардани биноҳо, бо пирометрҳо, антисептикҳо ва «кат» -и дезинфексионӣ муҷаҳҳаз кардани даромад ва баромадҳои онҳо;
пас аз ҳар намози динӣ бо воситаҳои дезинфексионӣ тоза кардани сатҳи бино (хона) ва таҷҳизоти он; таъмини хона ва биноҳо, инчунин системаи гардиши ҳаво бо воситаҳои дезинфексионӣ (лампаҳои ултрабунафш ва ғ.);
ба ташрифи меҳмононе, ки ҳарорати баданашон 37 дараҷа ва аз он баландтар аст ё нишонаҳои сироят доранд, иҷозат надодан; назди даромад ва баромади ташкилотҳои динӣ ба ҷамъ шудани ахолӣ роҳ надодан.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ