Дар муассисаҳои таълими олӣ соли нави хониш оғоз ёфт. Ҷараён ба тарзи онлайн сурат мегирад

Дар муассисаҳои таълими олӣ соли нави хониш оғоз ёфт. Ҷараён ба тарзи онлайн сурат мегирад

  • Post category:Маориф


Имрӯз, аз 2-уми сентябри соли таҳсили 2020/2021 расман оғоз ёфт. Дар ин бора, вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус хабар додааст.

Ҷараёни таълим дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурият дар асоси барномаҳои тасдиқшудаи масофавӣ ба тарзи онлайн сурат мегирад.
Қабл аз ин хабар дода шуд, ки ҳамаи донишҷӯёне, ки дар таҳсили рӯзонаи донишгоҳҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, 10 фоиз имтиёз хоҳанд гирифт.

Дар ин бора, пешниҳодҳоро Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва Вазорати молия таҳия кардаанд.
Муассисаҳои таълими олӣ ба ятимон, донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, инчунин донишҷӯёне, ки фарзандони оилаҳое ҳастанд, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, барои пӯшонидани пардохтҳои шартномавӣ кӯмаки мақсадноки молиявӣ мерасонанд. Ҳамзамон, донишгоҳҳо метавонанд аз ҳисоби маблағҳои мавҷуда вобаста ба вазъияти иҷтимоии донишҷӯён то 4 миллион сӯм кӯмаки молиявӣ расонанд.
Ба зиёда аз 4000 нафар донишҷӯёне, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардаанд ва дар донишгоҳҳо дар асоси шартнома таҳсил мекунанд, бо пардохти 35 фоизи маблағи шартнома кӯмаки молиявӣ расонида мешавад. Ин кӯмаки молиявӣ ба ҳар як донишҷӯ дар як сол аз 2,4 то 3,4 миллион сӯмро ташкил мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ