Рӯзҳои 8-20-уми сентябр имтиҳонҳои дохилшавӣ ба магистратура баргузор мегардад

Рӯзҳои 8-20-уми сентябр имтиҳонҳои дохилшавӣ ба магистратура баргузор мегардад


Имтиҳонҳо дар шакли санҷишҳои тестӣ дар компютер ба тарзи онлайн гирифта мешаванд.
Имтиҳонҳои қабул ба магистратураи муассисаҳои таълими олии ҷумҳуриятӣ барои соли хониши 2020/2021 аз 8 то 20-уми сентябри соли 2020 бо риояи қатъии талаботи карантин баргузор мегардад.
Мувофиқ маълумоти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, дар ин бора дар қарори баёни 3-юми Комиссияи давлатӣ оид ба қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гуфта шудааст.

Қайд карда мешавад, ки имтиҳонҳо дар шакли санҷишҳои тестӣ дар компютер ба тарзи онлайн гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки дар соли хониши ҷорӣ ба шӯъбаи магистратураи таълим дар миқёси ҷумҳурият ҷамъ 10 425 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд.

Аз онҳо 5475 нафар дар асоси грант ва 4950 нафар дар асоси шартнома таҳсил мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ