Хотираи неки Аввалин Президенти кишвар Ислом Каримовро ба ёд оварданд

Хотираи неки Аввалин Президенти кишвар Ислом Каримовро ба ёд оварданд


2-уми сентябр Президент Шавкат Мирзиёев ба пояи ҳайкали Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов гулчанбар гузошт ва хотираи дурахшони ӯро эҳтиром кард.
Мувофиқи қарори Президент аз 25-уми январи соли 2017 санаи 2-юми сентябр ҳамчун Рӯзи ёдбуди Президенти Авваллин ҷашн гирифта мешавад. Эъзозу эҳтироми таърихи кишварамон, хизматҳои Ислом Каримов ба халқи мо ва ҷавононамон маънавият меорад.
Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ бахшида ба бисту нӯҳумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон алоҳида таъкид намуд, ки истиқлолияти давлатии таҳти роҳбарии Президенти Аввалин як воқеаи ҷаҳониест, ки орзуи деринаи моро иҷро кард.
Дар Маҷмӯаи ёдгории илмиву маърифатии Ислом Каримов Қуръон тиловат карданд.
Намояндагони Сенат ва Палатаи қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Администратсияи Президент, Девони Вазирон, вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеаи пойтахт низ дар назди муҷассама гул гузоштанд.
Инчунин, дар Самарқанд ва Қаршӣ низ ба пояи муҷассамаҳои Ислом Каримов гул гузошта шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ