Да мактабҳои Британия шӯхӣ дар бораи коронавирус манъ шуд

Да мактабҳои Британия шӯхӣ дар бораи коронавирус манъ шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Британияи Кабир дар мактабҳо қоидаи нави вобаста ба коронавирусро ҷорӣ кард. Акнун ба донишомӯзони мактабҳои подшоҳӣ шӯхӣ кардан дар бораи коронавирус ва сурфаи бардурӯғ мумкин нест. Дар ин бора The Daily Mail хабар дод.
Дар Лондон ҳатто метавонанд донишомӯзро барои сурфаи сохта аз мактаб хориҷ кунанд. Дар баъзе мактабҳо бесабаб ба ҳамдигар даст расондан мумкин нест.
Дар чанд мактаб барои ҳар як синф ҳоҷатхонаи алоҳида муайян шудааст. Агар донишомӯзе ба ҳоҷатхонаи “бегона” равад, ба ӯ ҷазо муқаррар аст.
Ёдовар мешавем, дар моҳи июли соли ҷорӣ як сайёҳи британияӣ дар Майорка барои он, ки ба сӯи ҳозирони ресторан сурфа кард, боздошт шуд. Ин сайёҳ мубталои коронавирус буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ