Афзалияти технологияи «Кейс» дар ҷараёни таълим

Афзалияти технологияи «Кейс» дар ҷараёни таълим

Дар шароити имрӯза ҷараёни таълим ва тарзи дуруст ташкил намудани онро бе технологияи нави таълимӣ тасаввур кардан мумкин нест. Мо хос­тем, ки дар бораи яке аз ҳамин гуна технологияҳои нави таълим «Татбиқи технологияҳои «кейс» дар ҷараёни таълими адабиёт» ҳарф занем.
Технологияи «кейс» аз фанни адабиёти тоҷик дар мактабҳои таълими умумӣ методи наву ноанъанавӣ ба шумор меравад. Ин метод дар мактабҳо ҳоло татбиқ нашудааст.
Аз хусусияти технологияи «кейс» бармеояд, ки объекти асосӣ дар он таҳлили мантиқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии шахс мебошад. Яъне, мақсади асосии «кейс» хонандаро ба таҳлили мантиқӣ ва фикрронии мустақил водор сохтан аст.
«Кейс» як навъ функсияи институти ташкилиро иҷро намуда, дар асоси маълумотҳо, вазъиятҳои муаммовӣ ва саволҳо тартиб дода мешавад. Асосан ҳаҷми «кейс» он қадар васеъ набуда, он ба тарзи сохторӣ мебошад ва бештар ба дарси семинар-­тренинг пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тавр, технологияи «кейс» ба тақдим намудани муаммоҳо (тавассути матн, порча, вазъиятҳои муайян), бо роҳҳои гуногун ҳал кардани онҳо, аз нуқтаи назари мухталиф нигаронда шудааст. Аз ин бармеояд, ки дар аудитория хонандагон тавассути «кейс» муаммои гузошташударо ҳал, таҳлил мекунанд ва худ баҳо медиҳанд.
Ин методи таълимӣ дар ибтидои асри ХХ дар мактаби бизнес (корчаллонӣ)-и Горвард пайдо шудааст. Дар соли 1920 пас аз таҳияи «маҷмӯаи кейсҳо» тамоми сохтори таълимии менеҷмент дар мактаби Горвард бо методикаи «Case study» гузаронида шуд. Дар Русия технологияи кейсро методи таҳлили вазъиятҳои муайян бо масъалаҳои вазъиятӣ (вазъталаб) меноманд. Дар солҳои охир методҳои таълимии «кейс» дар соҳаҳои тиббиёт, ҳуқуқшиносӣ, математика, маданиятшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт ва таълими бизнес васеъ истифода мешавад.
Технологияи «кейс» дар худ гурӯҳи усул, метод, технологияи таълимро таҷассум мекунад, ки ба ҳалли масъала ва муаммоҳои дақиқ нигаронида шудааст. Онро ба методҳои таълимии интерфаъол тобеъ донистаанд, онҳо якҷоя амал кардан (ҳамкорӣ кардан)-и ҳамаи таълимгирандагон, ҳамчунин педагогро таъмин месозанд.
Ин номи технология аз калимаи лотинии «casus» – ҳолати муғлақ (саргум)-и ғайриоддӣ, ҳамчунин аз англисии «case» – портфел, ҷомадон гирифта шудааст. Баромади истилоҳҳо моҳияти ин технологияро инъикос мекунанд, ки хонандагон аз муаллим коғази ҳуҷҷатҳо (маҷмӯи ҳуҷҷатҳои муайян дар халта ва ё қуттӣ, яъне «кейс»)-ро қабул менамоянд, ки бо ёрии он гоҳо муаммо ва роҳи ҳалли онро муайян мекунанд, агар муаммо муайян бошад, вариант (қарина)-ҳои аз ҳолати мураккаб баромаданро кор карда мебарояд.
Дар дарсҳои иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, мавзӯъҳои таърих, ки таҳлили миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳоро талаб мекунад, аз технологияи «кейс» бомуваффақият истифода бурдан мумкин аст.
Технологияи «кейс» барои гирифтани дониш аз фанҳое, ки дар он бо саволи гузошташуда ҷавоби ягона вуҷуд надошта, якчанд ҷавобе дорад, ки аз рӯйи то чӣ дараҷа дуруст буданашон рақобат карда метавонанд, муайян карда шудааст.
Сохт ва марҳилаи асосии намунаи машғулот бо «кейс»:

Номи предмет.

Пешниҳоди мавзӯъ барои «кейс».

Мақсади асосӣ аз истифодаи «кейс».

Натиҷаҳое, ки аз фаъолияти машғулот пешбинӣ мешаванд.

Барои муваффақиятнок гузаронидани «кейс» чӣ гуна донишу малакаҳоро соҳиб будани хонандагон.

Манбаъҳои асосӣ барои гузаронидани он.

Тавсифи «кейс»-и мазкур аз рӯи хусусиятҳои технологии он.

Масъала (вазъият, муаммо)-и барои «кейс» тақдимшаванда.

Роҳҳои ҳалли масъала ва ё муаммои додашуда.

Ташкил намудани вазъияти проб­лемавӣ тавассути саволу силсила-­саволҳои гуногун.
Гуфтан мумкин аст, ки дар мактабҳои миёна тавассути ин навъи дарс ба натиҷаҳои муайян ноил гаштан мумкин аст. Бояд таъкид кард, ки дар шароити имрӯза ташкил ва татбиқи технологияи «кейс» ба шароити дарси анъанавӣ он қадар мувофиқат накарда, ин технология асосан ба дарси наву ноанъанавӣ, яъне бештар ба дарсҳои кушод, маҳфилҳои адабӣ ва монанди инҳо пешбинӣ шудааст.

Тӯрабой АҚРАБОВ,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 7-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ