Тӯфони “Мэйсак” боиси кӯчидани беш аз 50 ҳазор нафар дар Япония шуд


Беш аз 50 ҳазор нафар сокини шаҳри Идзумии ҷазираи Кюсюи Япония ба кӯчидан ба ҷойи бехатар омодагӣ мебинанд. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, шоми имрӯз тӯфони “Мэйсак” ба ин минтақа мерасад.
Ба гуфтаи мутахассисон, “Мэйсак” тӯфони хеле зиёновар мебошад. Суръати боди тӯфон дар як сония аз 45 то 65 метр хоҳад буд.
Рӯзи гузашта тӯфон дар вилояти Окинава тақрибан 31 450 хонадонро аз барқ маҳрум кард. 4 нафар бар асари боди шадид захмҳои гуногун бардоштанд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ