Вазири Белорус: Мо роҳ надодем, ки ҳодисаҳои Украина такрор шаванд


Владимир Макей, вазири корҳои дохилии Белорус имрӯз дар Маскав бо Сергей Лавров, ҳамкасби русиягии худ мулоқот кард. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Макей дар музокираҳо гуфт, “Мо ба ҳамлаи аввалин тоб овардем ва роҳ надодем, ки дар Белорус филмномаи (ссенарий) украинӣ – филмномаи “инқилоби рангӣ” амалӣ гардад”.
Макей дар мулоқот бо Лавров ҳодисаҳои Белорусро аз дидгоҳи расмӣ нақл кард ва ба Маскав барои вокуниши (реаксия) дақиқу шоиста ба ҳодисаҳои кишвараш сипосгузорӣ кард.
Ӯ гуфт, “Дида мешавад, ки маҳз мавқеъияти рӯшану мӯътадили Русия ҳамчун нерӯест, ки ба дахолати фаъолонаи қувваҳои хориҷӣ роҳ намедиҳад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки вазъиятро ба маҷрои оромтар баргардонем, бо ҷомеъа мулоқот кунем ва роҳҳои берун омадан аз ин вазъиятро мушаххас кунем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ