Смартфони серталабртарини дунё маълум шуд


iPhone 11-и Apple дар нимаи аввали соли 2020 серталабтарин смартфони ҷаҳон шуд. Дар ин муддат дар ҷаҳон 37,7 миллион дона iPhone 11 ба фурӯш рафт. Дар ин бора PhoneArena хабар дод.
Аз назари серталабӣ Samsung Galaxy A51 паллаи дувумро гирифт. Аммо, смартфони Samsung Galaxy A51 дар нимсолаи аввал нисбат ба iPhone 11 хеле камтар – 11,4 миллион дона фурӯхта шуд. Ҳамчунин, дар шаш моҳи сол 11 миллион дона смартфони Xiaomi Redmi Note 8 ба фурӯш рафт ва ин смартфон аз ҷиҳати зиёдии фурӯш савум шуд.
Соли гузашта низ дар шаш моҳи аввал смартфони ширкати Apple серталаб буд. Дар он давр дар саросари ҷаҳон одамон 26,9 миллион дона iPhone XR харид карда буданд. Смартфонҳои Samsung Galaxy A10 ва A50 дар паллаҳои дувум ва савум ҷойгир шуда буданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ