Мактабу боғчаҳои шаҳри Вуҳони Чин баъд аз ҳафт моҳи таътилӣ ба кор сар карданд

Мактабу боғчаҳои шаҳри Вуҳони Чин баъд аз ҳафт моҳи таътилӣ ба кор сар карданд

  • Post category:Ҷаҳон

Мактабҳову боғчаҳо дар шаҳри Вуҳони Чин, ки аввалин маркази интишори вируси корона буд, баъд аз ҳафт моҳи таътилӣ бозкушоӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳафт моҳ баъд аз оғози густариши вируси корона дар шаҳри Вуҳони Чин, ҳудуди як миллиону 400 ҳазор нафар аз донишомӯзони ин шаҳр ба синфҳои худ ҳозир шуданд.
Ҳудуди ду ҳазору 800 маҳди кӯдак, макотиби ибтидоӣ ва дабиристон дар и шаҳри Вуҳон, ки ба иллати нигаронӣ аз ҳамагирии вируси корона ҳафти моҳ баста буд, бозкушоӣ шуд.
Ба донишомӯзон дар Вуҳон тавсия шудааст, дар масири рафту баргашт ба макотиб аз моск истифода кунанд ва то ҳадди имкон аз васоили ҳамлунақли умумӣ бипарҳезанд.
80 дарсад аз фавтиҳои вируси корона дар Чин дар Вуҳон иттифоқ афтодаву маҷмӯи қурбониёни ин беморӣ дар Чин чаҳор ҳазору 600 нафар будааст.
Бо ин ҳол аз 18 моҳи май то кунун ҳеч мавриди ҷадид ва дохилии ибтило ба вируси корона дар ин шаҳр сабт нашудааст.
Мақомҳои чинӣ мадорис дар Шанхайро дар моҳи май бозкушоӣ карданд ва макотиб дар Пекин ҳам қарор аст ҳамин моҳ (сентябр) бозкушоӣ шавад.
Бояд қайд кард, ки дар Пекин истифодаи муаллимону донишомӯзон аз моск дар макотиб иҷборӣ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ