Блогери сӯхӣ – Дадахон Ҳайдаровро озод карданд

Блогери сӯхӣ – Дадахон Ҳайдаровро озод карданд


Ҳайдарҷон Бобоҳайдаров (Дадахон Ҳайдаров), блогери сӯхӣ, ки ба гумони иштирок дар ҳодисаҳои Сӯх рӯзи 22 август боздошт шуда буд, рӯзи гузашта – 2 сентябр озод шуд. Дар ин бора Kun.uz хабар дод.
Ба гуфтаи адвокати Дадахон Ҳайдаров, боздошт шудани ӯ ҳамчун айбдор асосҳои кофӣ надошт ва идораи бозҷӯӣ ба ҳамин далел блогерро озод кард.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май дар пайи ҳодисаҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Сӯхи Фарғона чанд нафар боздошт шуданд. Дертар маълум шуд, ки яке аз боздоштшудагон Дадахон Ҳайдаров мебошад. Ӯ дар мулоқот бо сарвазир истеъфои ҳокими вилоят – Шуҳрат Ғаниевро дархост карда буд.
Рӯзи 30 август Азиза Эралиева, модари блогер аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз раисҷумҳур авф кардани писарашро пурсид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ