Дар Туркия мавҷи дубораи пандемия мушоҳида мегардад

Дар Туркия мавҷи дубораи пандемия мушоҳида мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустии Туркия дар бораи оғози мавҷи дубораи пандемияи коронавирус дар кишвар хабар дод.
Фаҳритдин Хӯҷа, вазири тандурустии Туркия гуфт, “Беэътиборӣ ва саҳлангорӣ дар тӯйу маросимҳо чунин натиҷа дод. Пандемия пурзӯртар шуд ва идома дорад. Ҳамарӯза шумори ҳолатҳо афзоиш меёбад. Мо дувумин дараҷаи баланди мавҷи нахустро аз сар мегузаронемю Анқара, Истанбул, Измир ва Бурса ҳанӯз дар рӯбарӯи хавф истодаанд”.
Рӯзи 2 сентябр дар Туркия 1596 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд ва 45 нафар бемор вафот кард. Чунин ҳолат аз 15 июн то ба имрӯз нахустин бор дида мешавад. Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Туркия ба 273 ҳазор нафар расидааст. Шумори қурбониён 6 462 нафар аст.
Ба гуфтаи вазир, ҳолатҳои бештарин дар пойтахти кишвар – Анқара мушоҳида мегардад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ