Мадуро: Ҳукумати ИМА барои сари ман $15 миллион ваъда кардааст


Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла дар Твиттери худ дар бораи мукофоти ваъдаии ИМА барои сари ӯ маълум кард.
Ба гуфтаи Мадуро, ҳукумати ИМА барои сари ӯ 15 миллион доллари нақд мукофот ваъда кардааст. Ҳамчунин, ИМА барои аз байн бурдани ӯ ҳатто дар худи Венесуэла снайпер меҷӯяд.
Мадуро гуфт, ки ин ташаббуси Доналд Трамп мебошад.
Ёдовар мешавем, ИМА моҳи марти соли равон Мадуроро ба қочоқи маводди мухаддир (наркотик) муттаҳам кард ва барои фошсозии айбҳои ӯ 15 миллион доллар ваъда кард. Мухолифати ҳукумати Венесуэла бо ширкати хусусии нимзоии ИМА – Silvercorp тавофуқномаи 213 миллион доллариро имзо кард, ки бар асоси он Silvercorp мебоист вориди Венесуэла шавад ва ҳукумати Мадуроро сарнагун кунад. Майкл Помпео, саркотиби ИМА ҳамдастии ҳукумати амрикоиро дар ин муомила рад кард.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ