Ӯзбекистон дар рейтинги «Индекси ҷаҳонии инноватсия-2020» дар ҷойи чандум қарор дорад?

Ӯзбекистон дар рейтинги «Индекси ҷаҳонии инноватсия-2020» дар ҷойи чандум қарор дорад?

  • Post category:Ҷаҳон

Рейтинги нави «Индекси ҷаҳонии инноватсия-2020», ки рӯзи гузашта аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ нашр шуд, Ӯзбекистон дар зинаи 93 қарор гирифтааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баландтаринро Қазоқистон ишғол кардааст, ки дар зинаи 77-ум қарор гирифтааст. Қирғизистон дар ҷои 94, Тоҷикистон дар зинаи 109 ва Туркманистон бошад ба рейтинг шомил нашудааст. Русия дар ҷойи 47-ум қарор дорад.
Ба панҷгонаи садри раддабанд Швейтсаария, Шветсия, ИМА, Британияи Кабир ва Нидерландия шомил шудаанд.
Дар зинаи охири раддабандӣ бошад Яман Гвинея ва Маянма қарор гирифтаанд.
Рейтинги ҷаҳонӣ барои 131 кишвари ҷаҳон аз рӯйи 80 нишондиҳандаҳо аз қабили теъдоди дархостҳои патент то арзиши таҳия ва татбиқи навовариҳо таҳия мешавад.
Ёдовар мешавем раддабанди сар аз соли 2007 ҳамасола аз ҷониби консорсиуми Донишгоҳи Корнелл (ИМА), Мактаби иқтисодии INSEAD (Фаронса) (Фаронса) ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳия мешавад мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ