Дар Қашқадарё боз як корманди тиббӣ қурбони коронавирус шуд

Дар Қашқадарё боз як корманди тиббӣ қурбони коронавирус шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар вилояти Қашқадарё як корманди дигари тиббӣ бар асари COVID-19 даргузашт. Тӯрақул Холиқов, саршифокори 65-солаи як бемористони хусусии шаҳри Қаршӣ як моҳ пеш мубталои коронавирус шуда буд ва дар ин муддат муолиҷа мегирифт. Мутаассифона, муолиҷаҳо асар накарданд ва ӯ даргузашт.
Тӯрақул Холиқов соли 1955 дар ноҳияи Касбӣ таваллуд шудааст. Қаблан дар бемористони ноҳияи Ғузор низ саршифокор буд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш саршифокори ноҳияи Чироқчии Қашқадарё Тӯлқин Ашӯровн низ бар асари COVID-19 вафот карда буд. Пештар аз ӯ Шералӣ Нурматов, раҳбари ситоди мубориза бо коронавируси ин вилоят низ қурбони коронавирус шуда буд.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ