Ҳосили пахтаи 3200 гектарро бо машина мечинанд

Дар соли равон пахтакорони вилоятамон дар 75580 гектар замин ғӯза парвариш мекунанд.Вазифаи навбатӣ саривақт ҷамъоварии ҳосил мешавад.
Хӯш, дар вилоятамон тайёрӣ ба ҷамъоварии пахта чи хел аст?
Барои гирифтани 215,5 ҳазор тонна ҳосил хоҷагиҳои фермерӣ дар 63495 гектар ва корхонаҳои кластери пахта дар12085 гектар майдон пунба кошта буданд, — гуфт сармутахассиси садорати кишоварзии вилоят Руслан Муродов. — Барои ҷамъоварии ҳосили имсола 2250 отряди аз 140 ҳазор чинакчӣ иборат камари ҳиммат мебанданд ва барои онҳо 10 ҳазор ҷои хоби мавсимӣ тайёр мекунанд.Ба нақша гирифта шуд,ки аз ҳосили имсола 10,5 ҳазор тонна ашёи хом аз 3200 гектар замин бо машинаҳо чида мешаванд.Барои ин 10 — то корхонаи кластери пахтаи вилояти мо ҷалб кардани 34 — то мошини пахтачиниро ба нақша гирифта. То ҳол 24 — то чунин техникаро овардаанд.

Корхонаҳои кластери пахтаи вилоятамон аз таҷрибаи соли гузашта хулоса бароварда, ба мавсими имсола тайёрии ҳамаҷониба мебинанд.

-Бо мошинҳои пахтачиние, ки дар мобайни соли гузашта оварда буданд,1,5 ҳазор тонна ашёи хом чида будем, — гуфт ҷонишини директори ҶММ » Мароқанд сифат текстил» — и ноҳияи Иштихон Аҳатилло Каримов.- Бо машина чидани пахта аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок аст. Мисол, агар 300 нафар чинакчӣ дар як рӯз 30 тонна пахта чинад, якто мошина низ ҳамин қадар пахта ҷамъоварӣ мекунад.Бинобар ҳамин барои мавсими имсола 8 — то мошини пахтачинии 4 ва 2 қатора овардем.Мо аз 2500 гектар майдон пахтаи 1000 гектари онро бо машина чида, нақшаи шартномавии 7800 тоннагиро иҷро карданием.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ