Роҳбарони роҳҳои трамвай дар Самарқанд 123 ҳазор долларро азхуд карданд

Роҳбарони роҳҳои трамвай дар Самарқанд 123 ҳазор долларро азхуд карданд

  • Post category:Ҷаҳон

Кормандони Дирексияи истифодаи роҳҳои трамвай дар Самарқанд 1,2 миллиард сӯм (123 000 доллар) -ро аз худ карданд, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии СТВ.
Далели дуздиро кормандони раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратура, инчунин кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ошкор карданд.
Дар солҳои 2017-2019 масъулон маблағҳоро ғайриқонунӣ дар сафари хидматӣ харҷ намуда, беасос барои музди меҳнат маблағ ҷудо кардаанд, қарзи банкро ғайримақсад истифода кардаанд ва инчунин як қатор қонуншиканиҳои дигарро содир кардаанд.

Қаблан Вазорати маорифи томактабии Ӯзбекистон азхудкунии 48,3 миллиард сӯм (4,7 миллион доллар) дар кӯдакистонҳои ҷумҳуриро ошкор карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ