Ба шарафи Мустафоқул Меликзода масҷид месозанд

Ба шарафи Мустафоқул Меликзода масҷид месозанд

  • Post category:Ҷамъият

Узви Шӯрои уламоҳои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон , уламои бофазилат Мустафоқул Меликзода, ки бисёр сол дар соҳаи динӣ меҳнат кардааст, 2-юми сентябри соли 2020 дар синни 75 солагӣ вафот кард.
Дирӯз мушовири Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Рустам Қосимов ва раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ Усмонхон Алимов бо мутасаддиён барои ба фарзандон ва наздикони уламо расондани ҳамдардии Роҳбари давлатамон ба хонадони домулло Ҳоҷӣ Мустафоқул омаданд.
Сипас, меҳмонон ба масҷиди ҷомеи шаҳри Самарқанд, ки домулло Мустафоқул Меликзода дар он ҷо 35 сол фаъолият пеш бурдааст, омаданд ва бо супориши Президентамон маълум карданд, ки маскани мазкур бо шакли замонавитарин ва моси анъанаҳои меъмории миллӣ аз нав бунёд карда мешавад.
Ба масҷиди нав номи домулло Ҳоҷӣ Мустафоқул дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ