Гризманн умедвор аст, ки Месси дар Барселона мемонад

Ҳамлагари Барселона Антуан Гризманн умедвор аст, ки Лионел Месси дар тим боқӣ хоҳад монд. Пештар хабар дода шуда буд, ки аргентинӣ мехоҳад биравад, аммо рӯзи панҷшанбе маълум шуд, ки ӯ қарорашро дигар кардааст.
«Мо кӯшиш мекунем, ки аз ӯ чизе бигӯем, аммо ин дар байни Лео ва клуб аст, — иқтибос меорад Гризманн. — Мо танҳо умедворем, ки ӯ мемонад. Мо ҳама навиштаҳои онҳоро мехонем ва ғайр аз ин чизеро намедонем.”
Дар мавсими гузашта Барселона натавонист чемпионати Испанияро ба даст орад ва дар бозии плей-оффи Лигаи Чемпионҳо аз Бавария бо ҳисоби 2-8 мағлуб шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ