Рӯзи хориҷ шудани ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълум шуд


ИМА 6 июли соли 2021 ба сурати расмӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) хориҷ мешавад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии ИМА дар сайти худ хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки ИМА дар заминаи тандурустӣ “ҳамкорони боэътимод ва шаффофтар” аз СҶТ-ро меҷӯяд.
Ба гуфтаи Морган Ортагус, намояндаи вазорати корҳои хориҷии ИМА, СҶТ на танҳо дар мубориза бо пандемияи коронавирус, балки дар даҳсолаҳо дар вазъиятҳои фавқулодда низ кори худро хуб иҷро накардааст. Илова бар ин, созмон аз ислоҳоти пешниҳодшуда ва аз нишон додани мустақил будани худ аз Чин сарпечӣ кардааст. ИМА дар корҳои инсондӯстона ва ёрии тиббӣ дар ҷаҳон “Ҳотами Той” аст ва ин кумакҳо аз ҳисоби андозсупорони амрикоӣ амалӣ мегардад. Онҳо дар навбати худ мунтазири истифодаи босамари кумакашон мебошанд.
Ортагус таъкид кард, ки ИМА то замони хориҷ шуданаш аз созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкориро низ бо он ба ҳадди ақал мерасонад.
Доналд Трамп дар моҳи май баъди сарпечии СҶТ аз ислоҳот эълон кард, ки ИМА аз созмон хориҷ мешавад. Ба назари Трамп, СҶТ “бозичаи дасти Чин” аст. Ёдовар мешавем, ки ИМА ҳамасола ба СҶТ 450 миллион доллар пардохт мекунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ