Маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” боз карикатураи пайғамбари исломро чоп кард

Маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” боз карикатураи пайғамбари исломро чоп кард

  • Post category:Ҷаҳон


Маҷаллаи «Charlie Hebdo»-и Фаронса, ки соли 2015 карикатураҳои фитнаангези пайғамбари ислом Муҳаммадро (с.а.в) чоп карда буд, имсол боз ба ин амал даст зад. Ёдовар мешавем, ки чоп шудани карикатураҳои пайғамбари ислом дар соли 2015 аз сӯи маҷалла мусалмонони ҷаҳонро ба шӯр оварда буд. Баъди ин ҳодиса, рӯзи 7 январи соли 2015 ду нафар бародари мусаллаҳ офиси «Charlie Hebdo»-ро дар Париж тирборон карданд. Дар натиҷа 12 нафар, аз ҷумла, 8 тан хабарнигор ва рассом кушта шуданд. Гурӯҳҳои террористии “Ал-Қоида” ва Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯши худ гирифтанд.
Маҷаллаи «Charlie Hebdo» имсол қарор кард, ки дар арафаи оғози ҷараёни баррасии парвандаи ҷиноии ҳамла ба офисаш рӯзи 2 сентябр дубора карикатураҳои пайғамбарро чоп кунад. Аммо, карикатураҳо як рӯз пештар дар шабакаҳои интернетии маҷалла мунташир шуд.
Лоран Суриссо, мудири маҷалла дар мақолаи нашрия чунин навишт, “Мо ҳеч гоҳ мағлуб намешавем, ҳеч гоҳ таслим намешавем”.
Рӯзи 2 сентябр баррасии парвандаи ҷиноии ҳодиса дар додгоҳ (суд) оғоз шуд. Гуфта мешавад, ки ин ҷараён то 10 ноябр идома хоҳад ёфт.
Чоп шудани карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с.а.в.) аз сӯи «Charlie Hebdo” боиси эътирозоти кишварҳои исломӣ ба Фаронса ва афзоиши зиддиятҳо мегардад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ