Созмони милали муттаҳид: Дар даври пандемия озодии расонаҳои хабарӣ маҳдудтар шуд

Созмони милали муттаҳид: Дар даври пандемия озодии расонаҳои хабарӣ маҳдудтар шуд


Сензура, таҳдид, таъқиб ва ҳамла – инҳо воқеъиятҳое ҳастанд, ки хабарнигорон дар саросари ҷаҳон ҳамеша рӯбарӯ мешаванд. Бо ин ҳама вазъияти расонаҳои хабарӣ дар даври пандемия бадтар шуд. Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид чунин гуфт.
Ба гуфтаи Бачелет, дар ҷаҳон бо баҳонаи амалиётҳои зиддитеррористӣ кӯшиши фишор овардан ба озодии расонаҳои хабарӣ хеле зиёд мушоҳида мешавад. Илова бар ин, хабарнигоронро ба паҳнкунии “хабарҳои дурӯғ” муттаҳам мекунанд. Дар баъзе кишварҳо дастрасӣ ба интернет ва сайтҳоро қатъ мекунанд, ки ин чораи радикалӣ аст.
Комиссари олии СММ гуфт, “Вақте ҳангоми тазоҳурот, ё танқиди вазъият хабарнигорон ҳадаф қарор мегиранд, ин кӯшише аст барои бастани даҳони ҷомеъа ва ин боиси хавотири ҷиддӣ мебошад. Дар чанде аз кишварҳо беш аз ҳад сиёсӣ шудани пандемия ва кӯшиши ба дӯши мухолифон гузоштани айб барои пайомадҳои он боиси таҳдид ва боздошти хабарнигорон шудааст. Ин дар ҳолест, ки он хабарнигорон дар бораи паҳншавии COVID-19 ва дурустии чораҳои рафъи он бар асоси далелҳо хабар медиҳанд”.
Бачелет таъкид кард, ки хабарнигор набояд барои фаъолияти худ на аз сӯи ҳукумат ва на аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳ таъқиб гардад.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ