Помпео: Ҳизби коммунистии Чин таҳдиди асосӣ ба ИМА аст


Майкл Помпео, котиби давлатии ИМА дар мусоҳиба бо Fox News ҳизби коммунистии Чинро таҳдиди бузургтарин ба ИМА таъкид кард.
Ба гуфтаи Помпео, ҳизби коммунистии Чин нерӯҳои мусаллаҳи худро афзоиш медиҳад ва ҳоло бо чунин роҳҳое ба ИМА дохил шудааст, ки он роҳҳоро Русия ҳам надошт.
Ҳамчунин, ба назари Помпео, ИМА бо айби Чин аз даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ маҳрум шудааст.
Котиби давлатии ИМА гуфт, “Ҳизби коммунистии ИМА имкон дошт ба ҷаҳон бигӯяд, ки чӣ рух медиҳад, вале, онҳо пинҳон карданд. Сатҳи зиндагии миллиардҳо нафар дар ҷаҳон паст шуд”.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ