Дар ноҳияи Пастдарғам корманди корҳои дохилӣ қурбони садама шуд


Дар ноҳияи Пастдарғам ронандаи маст боиси марги корманди корҳои дохилӣ шуд. Дар ин бора шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Самарқанд хабар дод.
Ҳодиса шаби 1 сентябр тақрибан дар соати 23.00 дар маҳаллаи “Олти қаҳрамон”-и Пастдарғам рух дод. Сокини маҳаллаи “Қорасув” бо вуҷуди мастӣ бо “Дамас”-и худ дар кӯча ҳаракат мекард. Дар натиҷа “Дамас” дар қади роҳ ба се нафар пиёда бархӯрд. Ду нафар аз онҳо сокинони маҳаллӣ ва савумӣ лейтенанти калон Равшан Боқиев – саринспектори профилактикӣ буд.
Боқиев бо вуҷуди кӯшиши шифокорон дар бемористон бар асари захмҳо даргузашт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ