Лоиҳаи кишоварзии Созмони милали муттаҳид дар Ӯзбекистон амалӣ мешавад


Дар Ӯзбекистон бо иштироки Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид лоиҳаи “Хоҷагии фермерии боҳуш барои насли оянда” амалӣ мегардад. Муддати лоиҳа 4 сол буда, дар он Ветнам низ иштирок хоҳад кард. Арзиши умумии лоиҳа 3,4 миллион доллар аст. Дар ин бора маркази матбуотии Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ хабар дод.
Рӯзи гузашта, 4 сентябр Ҷамшид Хӯҷаев, вазири кишоварзии Ӯзбекистон ва Виорел Гуту, намояндаи Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзӣ дар Ӯзбекистон маросими имзо кардани тавофуқномаи лоиҳаро ба сурати онайн баргузор карданд.
Мақсад аз ин лоиҳа ҷорӣ кардани системаи замонавии кишоварзӣ, яъне оғози истеҳсоли боҳушона (smart) ва барқарор, фурӯши маҳсулоти гармхонаҳо баъди ҳосилбардорӣ ва ғайра аст. Лоиҳа ба мутахассисони соҳа имкони омӯхтани технологияҳои истеҳсол ва бозорёбии (маркетинг) босифату бехатар, боло бурдани ҳосилдорӣ ва даромадро медиҳад. Ин лоиҳаро ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ пуштибонӣ мекунад.
Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, “Роҳандозии муборизаи самарбахш бар зидди малах” марҳилаи дувуми он аст. Марҳилаи дувум дар Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон амалӣ мешавад. Таъмини молиявии марҳилаи дувуми лоиҳа бар уҳдаи Япония ҳаст. Будҷаи ин марҳила 7,3 миллион доллар аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ