Ӯзбекистон – ғолиби “Эстафетаи низомӣ-тиббӣ”-и бозиҳои байналмилалии “Арми-2020”

Ӯзбекистон – ғолиби “Эстафетаи низомӣ-тиббӣ”-и бозиҳои байналмилалии “Арми-2020”


Озмуни “Эстафетаи низомӣ-тиббӣ”-и бозиҳои байналмилалии “Арми-2020”, ки рӯзҳои 23 август-5 сентябр дар размоишгоҳи “Фориш” баргузор шуд, бо ғалабаи низомиёни тиббии вазорати мудофиаи Ӯзбекистон ба поён расид.
Намояндагони Ӯзбекистон 12 856 хол ҷамъ карданд ва мисли соли гузашта тавоноии худро дар озмун нишон доданд.
Русия дар озмун бо 10 110 хол дувум ва Белорус бо 6 585 хол савум шуд.
Тоҷикистон, Ветнам ва Фаластин дар паллаҳои баъдӣ ҷойгир шуданд.
Ғолибон тӯҳфаҳои қиматбаҳо, аз ҷумла, автомобили Gentra дарёфт карданд. Полковник Ҳамдам Қаршиев, муовини вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ