Ӯзбекистон экспорти гази моеъро ба Тоҷикистон қатъ кард


Абдулмаҷид Мӯъминзод, раҳбари хадамоти мубориза бо инҳисори (монополия) Тоҷикистон маълум кард, ки Ӯзбекистон ва Қазоқистон содироти гази моеъро ба кишвар қатъ кардааст.
Ба гуфтаи Мӯъминзод, Ӯзбекистон то поёни сол, Қазоқистон ба муддати як моҳ содиротро қатъ кардааст. Чанде пеш Душанбе низ ба далели кам шудани ҳаҷми оби обанбори Норак содироти барқро ба Ӯзбекистон қатъ карда буд. Ӯзбекистон баъи ин бо Туркманистон дар бораи воридоти (импорт) барқ тавофуқ кард.
Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия газ воридот мекунад. Дар 7 моҳи аввали сол Қазоқистон ба Тоҷикистон 244 ҳазор тонна, Ӯзбекистон 19,7 ҳазор тонна ва Русия 499 тонна газ фурӯхтааст.
Сабаби қатъи содироти гази Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳанӯз маълум нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ