Вазорати таълими халқӣ ба падар-модарон боз бо тавсия баромад

Вазорати таълими халқӣ ба падар-модарон боз бо тавсия баромад

  • Post category:Фарҳанг

Хабар доред, ки 14-уми сентябри соли ҷорӣ дарҳои мактабҳои таълими умумии Ӯзбекистон кушода мешаванд. Аз сабаби инфексияи коронавирус ҷараёни таълим дар усули анъанавӣ ва масофавӣ ташкил мегардад. Вазорати таълими халқӣ ба падар-модарон бо тавсия баромад. Бино ба он падар — модарон ва хонандагон тартиби рӯзонаи одатӣ муайян карда, ба он риоя карданашон лозим (вақти хоб ва бедоршавӣ, вақти саршавии дарсҳо, давомнокии онҳо, «танаффусҳо» ва ғайра.) Бино ба тавсияҳои ба падар-модарон додаи вазорат: — худро хотирҷамъ ва вазнин доред; — аз ба саволҳои оиди вирус додаи бачаҳо ҷавоб додан натарсед; — оиди ҳолати пандемия ва хавфу хатарҳои он ба мунозираҳои дур дода нашавед; — шумо фақат ба маълумотҳои расмии аз роҳбари синф ва маъмурияти мактаб гирифта амал кунед. «Дар ташкил намудани ҷараёнҳои мазкур барои маъмурияти мактаб вақт талаб карда мешавад, барои ҳамин дар ин бобат муносибати кардаи шумо ёрии бебаҳо шуданаш мумкин. Ин бошад, ба сифати таълим таъсири эъҷобӣ мекунад» гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ