ВАЗИФАҲО ОИД БА РУШДИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ МУАЙЯН ШУДАНД

ВАЗИФАҲО ОИД БА РУШДИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ МУАЙЯН ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба баррасии самаранокии ислоҳот дар хоҷагии ҷангал ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Соҳаи мазкур дар тавсеаи пойгоҳи захиравии иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ нақши муҳим дорад.
Аз ин сабаб дар се соли охир ба рушди босуръати ин соҳа диққати махсус дода, масоҳати умумии фонди ҷангали кишвар ба 12 миллион гектар расонида шуд.
Аз ҷумла, дар қаъри хушки баҳри Арал ниҳолҳои муҳофизатии масоҳаташ 1,2 миллион гектара ташкил карда шуданд. 10 ҳазор гектар ҷангалзори аз муомилот баровардашуда азхуд карда шуда, дар 5,5 ҳазор гектар дарахтони чормағз, дар 4 ҳазор гектар зироатҳои хӯрокворӣ ва растаниҳои шифобахш шинонда, 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд. Бори аввал дар хоҷагии ҷангал 64 лабораторияи биологӣ ташкил карда шуд.
Дар ҷамъомад қайд шуд, ки дар ин соҳа имкониятҳои истифоданашуда мавҷуд буда, барои оянда афзалиятҳо муайян карда шуданд. Масъалаҳои азхудкунии заминҳои ҷангал бо ҷалби сектори хусусӣ, рушди асппарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва туризм муҳокима шуданд.
Имконияти созмон додани боз 50 ҳазор гектар ҷангалзор ва ташкили майдонҳои чормағз, писта ва бодом дар вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Намангон ва Тошканд зикр гардид.
Аз сабаби он, ки корхонаҳои мебел 90 фоизи ашёи хомро аз хориҷ ворид мекунанд, супориш дода шуд, ки ба онҳо барои рӯёндани павловния ва дигар дарахтони ба мебел тайёркунӣ фид бо усули кластерӣ замин ҷудо кунанд.
Аҳамияти ҷудо намудани субсидия ва имтиёзҳо барои азхудкунии заминҳои фонди ҷангал, инчунин дастгирии молиявӣ барои хариди насосҳои обёрӣ ва кандани чоҳҳо таъкид гардид.
Аз соли равон тартиби ба иҷора додани заминҳои фонди ҷангал, ки дар муомилот нестанд, ҷорӣ карда шуд. То имрӯз 20 ҳазор гектар чунин замин ба истифода дода шудааст. Дар идомаи ин кӯшишҳо, вазифаи ба муомилот баровардани заминҳои иловагӣ ва васеъ гардондани ба соҳибкорон ба иҷора додани замин гузошта шуд.
Кор оиди истифодаи имкониятҳои хоҷагии ҷангал дар ноҳияҳои Қарокӯл, Ғиждувон, Шаҳрисабз, Китоб, Поп, Чортоқ, Нуробод, Қӯшработ, Нурато, Бахмал, Фориш, Узун, Бойсун, Оҳангарон, Бекобод ва ғайра зери танқид гирифта шуд.
Бо мақсади зиёд кардани захираи хӯрокаи кирмакпарварӣ имсол дар 2 ҳазор гектар, соли оянда дар 2,5 ҳазор гектари хоҷагиҳои фермерӣ шинондани ниҳоли тут ба нақша гирифта шудааст.
Соли гузашта майдони плантатсияи растаниҳои шифобахш ба 2 ҳазор гектар расид. Дар маҷлис қайд гардид, ки имсол бояд ин рақам ба 5 ҳазор гектар ва ҳосили он ба 8 ҳазор тонна расонда шавад.
Тадбирҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, парвариши чорво ва парранда дар заминҳои фонди ҷангал бо ҷалби сектори хусусӣ, таъмини шуғл ва мустаҳкам кардани бехатарии озуқаворӣ муайян карда шуданд.
Ҷангалҳо сайёҳонро низ ҷалб мекунанд. Соли гузашта аз сайёҳии экологӣ ва шикор 1 миллиард сӯм ба даст оварда шуд, ки ин, албатта, таъсирбахш нест. Низоми нави ноҳияи Бӯстонлиқ барои рушди туризм дар минтақаҳои ҷангал мавҷуд будани захираи азимро нишон дод. Масалан, дар пойгоҳи хоҷагии ҷангали Бурҷимулло дар асоси шарикии давлатию хусусӣ маркази экотуризм барои 300 ҷой сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз чунин имкониятҳо, соли оянда даромадро аз сайёҳии экологӣ ва шикорӣ 10-15 маротиба зиёд кардан мумкин аст. Дастурҳо оид ба ташкили иншооти туристӣ дар ҷангалҳо ва хоҷагиҳои шикории Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Боботоғ, Зомин, Бахмал, Оҳангарон, Бекобод, Далварзин, Поп, Қӯқанд, Қазоқдарё дода шуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди илми хоҷагии ҷангал баррасӣ шуданд. Зарурати тезонидани бақайдгирии 13 навъи нави пистаи маҳаллӣ, ки ба хушкӣ тобовар ва серҳосил мебошанд, инчунин аз соли оянда шурӯъ намудан ба парвариши он дар ноҳияҳои кӯҳӣ зикр гардид.
Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал вазифадор карда шуд, ки плантатсияҳои таҷрибавӣ ва маркази илмии районикунонии растаниҳои шифобахш, инчунин лабораторияҳои хокшиносии ҷангал, тадқиқоти «in vitro» ва тухмипарвариро ташкил диҳад.

Инчунин оид ба баланд бардоштани нерӯи кадрии соҳа, тайёр кардани мутахассисони звенои миёна дастурҳо дода шуданд.
Қайд гардид, ки барои рушди хоҷагии ҷангал дар қатори дигар соҳаҳои кишоварзӣ татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ бо ҷалби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ муҳим аст.
Бо дарназардошти масъалаҳои дар ҷамъомади видеоселекторӣ баррасишуда, вазифа гузошта шуд, ки лоиҳаи барномаи даҳсолаи рушди хоҷагии ҷангал ба анҷом расонда шавад.
Дар ҷамъомад роҳбарони Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва минтақаҳо ҳисобот доданд.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ