Хабари мухтасар дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

4 сентябри соли 2020 ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад. Ба кори он Раиси палатаи болоии парлумон Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Дар ҷамъомад дар бораи 11 сентябри соли 2020 даъват намудани ҷамъомади ҳафтуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор қабул шуд.
Раиси Сенат Т.Норбоева таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии сарвари давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву маърифӣ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ гардида, оид ба бунёди Ӯзбекистони нав саъю кӯшиши назаррас амалӣ мегарданд. Ба ғайр аз ин, зарурати эътибори устувор додан ба сари вақт ҳал намудани мушкилоте, ки аҳолӣ дар рафти мулоқоти бевосита ба миён мегузоранд, таъкид гардид. Инчунин муҳим будани ба назар гирифтани афкори умум бинобар ҳар як масъалае, ки ба рӯзномаи ҷамъомади умумӣ ворид карда мешаванд, инчунин омӯзиши доимӣ ва баррасии мушкилоти минтақаҳо қайд гардид.
Дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор мегардад, баррасии як қатор масъалаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Қонунҳо «Дар бораи ҳуқуқҳои шахсони ногиро», «Дар бораи арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ», «Дар бораи пешгирӣ ва табобати касалиҳои наркологӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани фаъолияти шӯроҳои депутатҳои халқӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақсади баланд бардоштани самарабахшии истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва фонди ҷангал», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Баробари ин баррасӣ намудани ахбори вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Ба ғайр аз ин баррасӣ намудани масъалаи ба Девони Вазирон ирсол намудани дархости парлумонӣ дар бораи ҳолати чораҳое, ки барои рушди фаъолияти илмӣ андешида мешаванд, инчунин дар бораи шароитҳое, ки барои рушди соҳибкории занон дар Ӯзбекистон фароҳам оварда шудаанд, пешбинӣ шудааст.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ