Дар мактабҳои ноҳияи Қӯшработ тайёрӣ ба соли хониши нав дар чӣ сатҳ аст?

Дар мактабҳои ноҳияи Қӯшработ тайёрӣ ба соли хониши нав дар чӣ сатҳ аст?

Дирӯз аъзои гурӯҳи корӣ бо шароити мактабҳои дурдасттарини ноҳияи Каттақӯрғон шинос гардиданд.
Нахуст вазири таълими халқӣ Ш.Шерматов, ҳокими ноҳияи Қӯшработ Ҳ.Оқбӯтаев, сарвари Садорати таълими халқи вилоят С.Усмонов ба мактаби ба мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳия, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет таъмири мукаммал карда шуд, ташриф оварданд. Бо ҷамоаи омӯзгорони мактаб дар бораи ислоҳоти сохтори таълим, имкониятҳои барои омӯзгорон фароҳамгардида, такмили маҳорат ва таҷриба, шароитҳои мактаб ва муаммоҳои соҳа сӯҳбат карданд.
Ш.Шерматов дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 36, ки дар деҳаи Ургенҷӣ воқеъ аст, бо ҷараёни омодагӣ ба соли нави таҳсил шинос шуд. Бояд гуфт, ки пеш аз оғози соли нави хониш бинои коллеҷи иқтисодиёт ва сервиси Урганҷӣ ба сифати мактаб ба истифода супорида шуда буд. Ин ҳолат боиси эътирози волидони баъзе хонандагоне гардид, ки то ҳол дар бинои собиқи мактаби 36 таҳсил кардаанд. Вазири таълими халқ таъкид кард, ки барои ташкили равандҳои босифати таълимӣ дар мактаб, хусусан дар давраи карантин, имконот ва шароити васеъ фароҳам оварда шудааст ва доир ба ин ба волидон корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд анҷом дода шавад.
Гурӯҳи корӣ инчунин ба мактабҳои 26, 52, 6, 19 ва 34-и ноҳия ташриф оварда, ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия дар соли хониши 2020/2021 бо риояи қатъӣ ба талаботи бехатарии эпидемиологӣ, тадбирҳои дар ин самт андешидашуда эътибори махсус дод.
Хизмати матбуоти Садорати таълими халқи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ