Машваратҳои нақшавии намояндагони Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шакли видеоконфронс доир гардид

Машваратҳои нақшавии намояндагони Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шакли видеоконфронс доир гардид

3-4 сентябр машваратҳои нақшавии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шакли видеоконфронс доир гардиданд.
Дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон (ба ҳайси нозир), Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар доданд, иштирокдорони машваратҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, баррасӣ намуда, роҷеъ ба авлавиятҳои кишварҳои худ дар робита ба рӯзномаи иҷлоси 75-уми Созмон изҳори назар намуданд.
Дар ин росто, дар бораи авлавиятҳои ҷониби Ӯзбекистон низ маълумоти муфассал дода шуда, зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати муқовимат ба бемории сироятии COVID-19 ва таҳдиду чолишҳои дигари амниятии ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ инчунин доир ба интихобот дар мақомоти СММ ибрози назар карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ