Дар Судан ба далели обхезӣ вазъияти фавқулоддаи семоҳа эълон карданд

Дар Судан ба далели обхезӣ вазъияти фавқулоддаи семоҳа эълон карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Шӯрои амният ва мудофиаи Судан ба далели обхезӣ дар кишвар ба муддати се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кард. Дар ин бора SUNA хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар обхезии имсол 99 нафар қурбон ва 46 нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин, беш аз 100 ҳазор манзили мардум осеб дид, ё вайрон шуд.
Ҳукумати кишвар барои рафъи пайомади ин офат кумитаи олии мубориза бо пайомадҳои обхезӣ таъсис дод.
Обхезӣ дар чандин минтақаи Судан дастрасӣ ба оби ошомиданиро беимкон кардааст. Дар чунин вазъият риоя ба гигиенаи шахсӣ, ки дар даври пандемияи коронавирус хеле муҳим аст, душвор шудааст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ