Имсол сарбозон ба пахтачинӣ сафарбар намешаванд

Имсол сарбозон ба пахтачинӣ сафарбар намешаванд


Имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар АОКА дар бораи ташкили мавсими пахтачинӣ маълумот дода шуд.
Баҳодир Умрзоқов, муовини вазири шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон гуфт, ки имсол сарбозон ба пахтачинӣ сафарбар нахоҳанд шуд. Дар ин бора фармони махсус вуҷуд дорад. Ҳамчунин, муассисаҳои тиббӣ ва мактаб низ ба пахтачинӣ ҷалб намешаванд.
Ба гуфтаи Бахтиёр Маҳмадалиев, муовини раиси федератсияи шӯроҳои касбӣ, имсол пахтачинӣ бар асоси шартномаи корӣ ба роҳ андохта мешавад.
Ӯ гуфт, “Бо онҳое, ки дар маҳаллаи худ пахта мечинанд, шартномаи инфиродӣ (индивидуал) баста мешавад. Бо онҳое, ки ба ҳудудҳову вилоятҳои дигар ба пахтачинӣ мераванд, шартномаҳои гурӯҳӣ баста мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ