Дар як шабонарӯз дар Бразилия беш аз 50 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд


Рӯзи гузашта дар Бразилия 50 163 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Бо ин ҳол шумори умумии беморони COVID-19 дар ин кишвар ба 4 миллиону 91 ҳазору 801 нафар расид. Дар ин бора вазорати тандурустии Бразилия хабар дод.
Дар як шабонарӯзи охир дар Бразилия 888 нафар бемор даргузаштанд. Ҳоло шумори умумии қурбониёни COVID-19 ба 125 502 нафар расид. Ҳамчунин, 3 миллиону 278 ҳазору 243 нафар бемор шифо ёфтанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ