Мутахассис: Хотираҳои манфӣ роҳи муваффақиятро мебандад


Рустам Гайфутдинов, мутахассиси соҳаи асабшиносӣ (неврология) сабаби онро, ки чаро инсон ба фаромӯш кардани хотираҳои манфӣ моил аст, баён кард. Дар ин бора МИР 24 хабар дод.
Ба гуфтаи шифокор, хотираҳои манфӣ гум намешаванд, дар хотираҳо маҳфуз мемонанд, вале, дастрастӣ ба онҳо маҳдуд мегардад.
Ӯ гуфт, ки агар ҳамеша дар ҳолати манфиву нохуш қарор гирад бо эҳсосоти изтиробкунандаро бошад, ин зиндагии ӯро дароз намекунад ва ӯро ба сӯи комёбӣ намебарад. Вақте, ки касе бо сабабе ғамгин аст, дар чунин ҳолат вай хеле осебпазир мешавад.
Дӯстон, барои ҳамин бикӯшед, ки танҳо бо имрӯз зиндагӣ кунед ва ҳатто агар ба дунёи хотираҳо баргаштед, фақат “меҳмон”-и хотираҳои мусбат шавед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ