Трамп: Хабарнигорон ба Байден саволҳои “бачагона” медиҳанд ва ҳамеша ба ӯ табассум мекунанд

Трамп: Хабарнигорон ба Байден саволҳои “бачагона” медиҳанд ва ҳамеша ба ӯ табассум мекунанд

  • Post category:Ҷаҳон


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА хабарнигоронро ба тарафдории Ҷозеф Байден муттаҳам кард. Ба назари Трамп, хабарнигорон ба рақиби ӯ дар интихобот саволҳои оддитаринро медиҳанд, ки ҳатто кӯдакон метавонанд ба онҳо ҷавоб диҳанд. Дар ин бора Интерфакс хабар дод.
Пешвои ИМА дар зимни тавзеҳи нишасти матбуотии Ҷозеф Байден ба хабарнигорон гуфт, “Саволҳо ба Байден гӯё хитоб ба кӯдакон аст, на ба калонсол. Ҳама метавонад ба онҳо ҷавоб диҳад”.
Ҳамчунин, Трамп бо таъикиди ин, ки ҳамаи хабарнигорон дар давоми нишасти матбуотӣ ҳамеша ба Байден табассум мекарданд, гуфт, “Шумо бо ман ин гуна рафтор намекунед”.
Доналд Трамп ҳамеша мегӯяд, ки расонаҳои хабарии амрикоӣ нисбат ба Ҳизби демократатҳо майл доранд. Ба назари ӯ, баъзе хабарнигорон дар бораи ҳукумати имрӯзаи ИМА хабарҳои дурӯғ паҳн мекунанд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ