Чормағз хотираро мустаҳкам мекунад


Дар барг ва пӯсти чормағз бисёр моддаҳои барои организми инсон зарурӣ мавҷуд аст: моддаҳои хушбӯй, витаминҳои С ва Е, моддаҳои алкалоид ва каротин.
Мағзи чормағз аз равған ва аминокислотаҳо бой мебошад. Инчунин, дар мағзи он витаминҳои Е, К, Р ва С мавҷуданд. Дар пӯсти чормағз фенолкарбон, кумарин, стероид ва пелликула ҳаст.
Аз даври қадим одамон чормағзро дар тибби халқӣ истифода мебаранд. Ҳозир меваи чормағзро барои табобати захм ва ҷароҳатҳо, мубориза бар зидди гиҷҷаҳо истифода мебаранд. Баргҳои чормағз хусусиятҳои зиддимикробӣ ва шамолхӯрӣ доранд.
Чормағз хотираро мустаҳкам мекунад. Он воситаи аҷоиб барои қабзият мебошад. Сарфи назар аз он, ки дар таркибаш 65 фоиз чарбу дорад, миқдори чарбуро дар хун кам мекунад.
Чормағз серғизо мебошад, ки дар онҳо на камтар аз 75 % равған мавҷуд аст. Миқдори холестеринро дар хун кам мекунад.
Мағзи чормағз аз микроэлементҳо бой буда, барои давои диабети қанд кӯмак мерасонад.
Шарбати чормағз зиёда аз 100 намуди паразитҳоро нобуд мекунад.
Дамкардашудаи чормағзи хом. Чунин воситаи шифобахш ба якчанд намуди касалиҳо метавонад ёрӣ диҳад. Ба онҳо касалиҳои меъдаю рӯда, пешоб ва бемориҳои роҳи ҷинсӣ, лейкемия ва силро дохил кардан мумкин. Ғайр аз ин, чормағзи хом ҷараёни мубодилаи моддаҳоро зуд ба меъёр меорад ва организмро аз токсинҳои гуногун тоза мекунад.
Равғани чормағз – маҳсулоти бебаҳост. Он организми инсонро бо моддаҳои муфид ва зарурӣ ғизо медиҳад. Бо таъсири равғани чормағз балғам осон ҷудо мешавад, истеъмоли онро ба касалиҳои гепатит, астма ва сил тавсия мекунанд. Одамоне, ки майли саратон доранд, бояд ин равғанро истеъмол кунанд. Зеро он пайдоиши ҳуҷайраҳои бадсифатро пешгирӣ мекунад. Равғани чормағз тавассути мустаҳкам кардани иммунитет аз шамолхӯрӣ халос мекунад.
Таҳия ва тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ