Дар шаҳри Самарқанд 31 биноеро, ки ноқонунӣ сохта шудааст, вайрон мекунанд

Дар шаҳри Самарқанд 31 биноеро, ки ноқонунӣ сохта шудааст, вайрон мекунанд


Бар асоси хулосаи комиссияи махсус, 31 бинои шаҳри Самарқанд, ки ба сурати ноқонунӣ сохта шудааст, қисман вайрон карда мешаванд. Дар ин бора маркази матбуотии садорати сохтусози вилояти Самарқанд хабард од.
Додситониҳои (генпрокуратура) шаҳру вилоят, ҳокимияти шаҳр, шӯъбаҳо вилоятӣ ва шаҳрии Бюрои иҷрои маҷбурӣ, идораи мероси маданӣ, шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр ва чанд муассисаи дигари давлатӣ вайрон кардани биноҳои ноқонуниро иҷро ва назорат мекунанд.
23 созмони лоиҳасоз дар корҳои вайрон кардани биноҳое, ки ба қоидаҳои шаҳрсозӣ ва ҳифзи қисми таърихии шаҳр зид сохта мешаванд, ё сохта шудаанд, иштирок мекунанд.
Манбаъ: ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ