Баъди таътили ҳафтмоҳа таҳсил дар мактабҳои Эрон оғоз шуд

Баъди таътили ҳафтмоҳа таҳсил дар мактабҳои Эрон оғоз шуд

  • Post category:Фарҳанг


Дра Эрон баъди таътили ҳафтмоҳа мактабҳо дари худро дубора ба донишомӯзон боз карданд. Дар ин бора Associated Press хабар дод.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон видеомуроҷиати худ гуфт, “Дар кишвари мо таҳсил дар бадтарин вазъият низ қатъ намегардад.
Рӯҳонӣ таъкид кард, ки дар мактабҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус чораҳои ҷиддӣ бояд амалӣ гардад. Қабл аз ин дар Эрон низ мисли аксар кишварҳои дунё дарсҳо ба сурати онлайн баргузор мешуд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, таҳсили 15 миллион нафар донишомӯз ва донишҷӯ мисли фаъолияти соҳаи тандурустӣ хеле муҳим аст.
Ёдовар мешавем, то ҳол дар Эрон беш аз 382 ҳазор нафар мубталои вирус шуданд ва тақрибан 22 ҳазор нафар бар асари бемории COVID-19 даргузаштанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ