Қонун дар бораи озодии виҷдон баъди таҳрир содатар мешавад

Қонун дар бораи озодии виҷдон баъди таҳрир содатар мешавад


Рӯзи 4 сентябр Маҷлиси қонунгузории порлумони Ӯзбекистон лоиҳаи таҳрири нави “Қонун дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ” бо иштироки коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ баррасӣ шуд. Ин лоиҳаро вазорати адлия ва якчанд вазорату идораҳои давлатӣ муштаракан таҳия карданд. Дар ин бора намоянда Зафар Худойбердиев дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Худойбердиев, дар таҳрири нави ин қонун шарту қоидаҳои сабтиноми (регистратсия) созмонҳои динӣ содадар мешавад, аз ҷумла, шумори ҳуҷҷатҳои зарурӣ коҳиш меёбад ва феҳристи асосҳои радди сабтином дақиқан таҳия мегардад.
Лоиҳаи таҳрири нави қонун чунин пешниҳодҳо дорад:
• барои таъсиси созмони динӣ гирифтани дигар ризоияти маҳалла зарур намешавад;
• шумори зарурии ташаббускорон барои таъсиси созмони динӣ аз 50 то 100 нафар коҳиш меёбад;
• ҳуқуқи қатъ кардан ё поён додани фаъолияти созмони динӣ ба додгоҳҳо (судҳо) дода мешавад (ҳоло ин ҳуқуқи вазорати адлия аст);
• муддати омӯхтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабтиноми созмонҳои динӣ аз 3 моҳ то 1 моҳ коҳиш меёбад;
• тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабтиноми созмонҳои динӣ аз сӯи нотариус зарур намешавад.
Коршиносони хориҷӣ лоиҳаи таҳрири қонунро баҳои баланд доданд.
Дар ҷаласаи навбатии умумии Маҷлиси қонунгузорӣ лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ