Дар мактаб дарсҳои санҷишӣ гузаронида шуд

Аз 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар мактабҳои таълими умумии мамлакатамон дарсҳои анъанавӣ ва масофавӣ оғоз мегардад. Рӯзи 5-уми сентябр дар мактаби таълими умумии рақами 1-и шаҳри Бухоро дарсҳои намунавии санҷишӣ шуда гузашт. Дар шакли аз ҷониби Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ ва Вазорати таълими халқӣ тавсиягашта барои синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ дарсҳои санҷишӣ ташкил гардид. Дар мактаби мазкур беш аз 2000 нафар хонандагон таҳсил мегиранд. Дар муассиса имсол дар шакли гибрит ба хонанда таълим дода мешавад. 548 нафари хонандагон таълими масофавӣ мегиранд. Директорҳои 42 мактаби таълими умумии шаҳри Бухоро дарсҳои санҷишии мазкурро назорат карданд. Ба нигоҳдории масофаи иҷтимоии хонандагон эътибори алоҳида дода шуд. Роҳбари синфҳои ибтидоӣ шогирдонро дар назди дарвозаи асосии мактаб пешвоз гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ