Таркиш дар масҷиди Бангладеш боиси марги 16 нафар гардид


Дар натиҷаи таркиш дар масҷиди шаҳри Нараянганҷи Бангладеш 16 нафар кушта шуданд ва ҳадди ақал 37 нафар захм бардоштанд. Дар ин бора Associated Press хабар дод.
Гуфта мешавад, ки яке аз қурбониён писараки ҳафтсола буд. Ҳамчунин, аксарияти захмиён бо ташхиси сӯзиши 90 дарсадӣ дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
Бино ба маълумотҳои муқаддимотӣ, эҳтимолан газ боиси таркиш шудааст.
Ҳангоми таркиш дару тирезаҳои масҷид пӯшида будаанд ва кондитсионерҳое, ки фаъол буданд, эҳтимолан дар вокуниш (реаксия) бо гази ҷамъшуда таркишро ба амал овардааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ