Имсол ҳар 1 килои пахтаро бо чанд сӯм мечинанд?

Имсол ҳар 1 килои пахтаро бо чанд сӯм мечинанд?


Дар мавсими имсола барои чидани 1 кило пахта ба чинандагон дар ҷамъоварии якуми ҳосил 1 000 сӯм, дар ҷамъоварии дувуми ҳосил 1 400 сӯм пардохт карда мешавад. Дар ин бора Баҳодир Умрзоқов, муовини вазири шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои корӣ маълум кард.
Ба гуфтаи Умрзоқов, имсол ба ҷамъоварии пахта бекорон, ҷавонон, бонувон ва ҳатто пиронсолони хоҳишманд ҷалб мешаванд. Дар ҷараёни пахтачинӣ ҳама коргарон бар асоси шартномаи корӣ хидмат мекунанд.
Онҳое, ки дар пахтачинӣ “чашмикордон” ҳастанд, метавонанд дар як рӯз 100-120 ҳазор сӯм даромад кунанд. Дар мавсими пахтачинӣ барои коргарон шароити корӣ фароҳам оварда мешавад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ