Шаби гузашта дар Бирмингеми Британия чанд нафар дар натиҷаи ҳамлаи авбошона захмӣ шуданд

Шаби гузашта дар Бирмингеми Британия чанд нафар дар натиҷаи ҳамлаи авбошона захмӣ шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар шаби гузашта дар шаҳри Бирмингеми Британияи Кабир чандин нафар дар ҳамлаи авбошона захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи як корманди пулиси ноҳияи Вест-Мидландс, шабона дар бораи ин ҳамла муроҷиат шудааст ва кормандони пулису ёрии таъҷилӣ фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки шахси номаълум дар маркази шаҳри Бирмингем ба одамон ҳамла карда бархе аз онҳоро захмӣ кардааст.
Ҷузъиёти ин ҳодиса ҳоло маълум нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки пештар дар шаҳри Рединги Британия низ чунин ҳамла анҷом ёфта буд, ки дар натиҷа 3 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса ҳамчун ҳамлаи террористӣ арзёбӣ шуд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ