Газанда простатитро шифо мебахшад

Газанда простатитро шифо мебахшад

  • Post category:Саломатӣ

Маъмулан мардҳо пас аз 50-солагӣ ба бемориҳои ғадуди таносулӣ гирифтор мешаванд, аммо аҳён-аҳён ин дард ҷавононро низ домангир мегардад. Бо эҳсос кардани аввалин нишонаҳои беморӣ фавран ба духтур-уролог муроҷиат кардан лозим аст, зеро ин беморӣ метавонад боиси аз даст додани қувваи мардӣ ва гум шудани лаззати зиндагӣ барои мард бигардад.

Духтур ба шумо мефармояд, ки пешоб супоред ва УЗИ кунед. Дар сурати чирк гирифтани ғадуди простата массаж аз роҳи маъқад зарур аст, то чирк хориҷ шавад, зеро бидуни ин амал табобат ягон суде надорад. Албатта, дар баробари ин, роҳу воситаҳои табобати халқии ин беморӣ низ мавҷуданд ва ман чанд давои дар тӯли солҳо санҷидашударо ба шумо пешкаш менамоям.

Нусхаи аввал

3-4 дона анҷири хушкро бегоҳӣ дар оби ҷӯш тар карда, субҳ анҷирро хӯред ва баъдан обашро бинӯшед. Ногуфта намонад, ки гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд. Саломат бошед!

3-4 дона анҷирро бегоҳ дар оби ҷӯш тар кунед. Субҳ баробари аз хоб бархостан анҷирҳоро аз даруни зарф гирифта бихӯред ва сипас обашро бинӯшед. Вақте ки бо анҷир табобат мекунед, дар як муддати кӯтоҳ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ меорад ва шумо эҳсос менамоед, ки чӣ гуна дар ҷисму ҷонатон қувваю дармони тоза пайдо мешавад.

Нусхаи дигар

Акнун дар мавриди табобати гиёҳии простатит як нусхаи бисёр муассир ва муфидро пешкашатон менамоем. Алафи газанда, раҳдавак, ҷаъфарӣ (петрушка), барги марминҷон, думи гов ва гули гандумро ба миқдори баробар гирифта, аз ин гиёҳҳо як таркиб созед, яъне ҳамаашро омехта намоед. 2 қошуқӣ ин гиёҳҳои омехтаро дар зарфе андохта, аз болояш 400 гр., оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед.

Тахминан 1 соат пас гиёҳобро полондан лозим аст. Аз ин даво рӯзе 4 маротиба ним истаконӣ пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед, дард ва дигар нороҳатиҳои простатитро аз миён мебарад. Фақат фаромӯш накунед, ки табобатро то ҳосил шудани сиҳатии комил идома додан лозим аст. Ҳамчунин гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ