ҲИКОЯТҲО АЗ ҲАЁТИ БУЗУРГОН

ҲИКОЯТҲО АЗ ҲАЁТИ БУЗУРГОН

АЗ НЕК БОҒ

Мегӯянд, ки Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи чандин мукофотҳои давлатию байналхалқӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Мирзо Турсунзода осоишгоҳи «Зумрад»-ро дӯст медошт. Он вақт осоишгоҳи “Зумрад” дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ном бароварда буд. Ҳар боре, ки шоири бузург меҳмони осоишгоҳ мегашт, ба сардухтури он, фарзанди ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Мирзо Олимов, асосгузор ва сабабгори шӯҳратёр гаштани осоишгоҳ, ҳамсӯҳбат мегашт. Ва ба шарофати қадами мубораки шоир навгонии назаррас дар осоишгоҳ рух медод.
Яке аз рӯзҳои гармои тобистон Мирзо Турсунзода ба “Зумрад” меояд ва баъди баровардани кӯфтагии роҳ сардухтурро наздаш хонда, аз бурду бохти осоишгоҳ пурсон мешавад. Ҳарду Мирзоҳо саргарми сӯҳбат шуда, ба лаби наҳраки Исфара, ки аз миёни осоишгоҳ мегузарад, расиданашонро нафаҳмида мемонанд. Ва ҳарду каме шамоли дарё хӯрда пас мегарданд. Ин дам Мирзо Турсунзода хам шуда аз замин сангеро мебардорад ва сӯйи баландӣ ҳаво дода ба сардухтур мегӯяд: Мирзоҷон, дониста мон, дар ана ҳамон ҷойи сангафтода мебояд як чойхонаи зебое созонӣ, ки номаш “Сино” бошад. Зеро “Зумрад” бе чойхонаи зебо маъние надорад. Бубинед, Парвардигор ёр шуду бо давутози сардухтур Мирзо Олимов то ташрифи ояндаи Мирзо Турсунзода чойхонаи зебое бо номи “Сино” дари худро ба рӯйи меҳмонону истироҳаткунандагон боз кард. Чуноне ки мегӯянд, аз нек боғ мемонад, гарчанде имрӯз ҳарду Мирзо байнамон нестанд, аммо ном ва амали некашон вирди забонҳост.
Байт:
Касе, к-ӯ шуд ба номи нек машҳур,
Пас аз маргаш бузургон зинда доранд.

ВОХӮРӢ ДАР МАЙДОНИ ҶАНГ

Мегӯянд, ки адиби ҷанговар Ҳабиб Аҳрориро дар майдони ҷанг ба супориши муҳиме ба хати пеши фронт мефиристанд. Вай даруни хандақҳои печутобхӯрда сангу хоктӯда, деворҳои валангору хокистари чӯбу тахтаҳои нимсӯхтаро паси сар карда пеш мерафт ва аз ҳар як ҷанговари рӯ ба рӯ омада куҷо будани штаби баталонро суроғ мекард. Аҳрорӣ пурс-пурсон ба хандақе наздик мешавад ва назди хандақи он чашмаш ба марди ҳарбие меафтад, ки болои суфачаи хокӣ чизе менавишт. Аҳрорӣ ба ӯ синчакорона дида дӯхта мефаҳмад, ки вай рутбаи лейтенантӣ доштааст. Сари синаашро бошад, нишони “Ситораи сурх” оро медод. Вақте ки Аҳрорӣ аз вай ҷойи даркориро мепурсад, марди ҳарбӣ ҷаста аз ҷояш мехезад ва дар як он чашмони онҳо ба ҳам бархӯрда чӣ гуна якдигарро ба оғӯш партофтанашонро надониста мемонанд. Он марди ҳарбӣ шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ буд. Ва ин гуна вохӯриҳои ду ҳамшаҳр, ду ҳамному ду адиби тоҷик Ҳабиб Аҳрорию Ҳабиб Юсуфӣ дур аз Ватан, дар майдони мудҳиши ҷанг, зери бӯйи ғализи тиру дору борҳо рух дода, ҳатто дар якеи он вохӯриҳо Ҳабиб Юсуфӣ шеърҳои дар хандақҳо эҷодкардаи хешро ба дӯсташ хонда медиҳад.
Вале бори чорум Ҳабиб Аҳрорӣ ба дидори Юсуфӣ омада, хандақро фурӯрафта мебинад ва ба ҳамин мукотибаи онҳо канда мешавад.
Байт:
Ман аз ту ҷудо намешавам то дами марг,
Ҳар гаҳ бимирам, ҷудо кунад марг аз ту.

РАФТОРИ “ДЕҲОТИЁНА”

Мегӯянд, ки дар идораи журнали “Гулистон” ходимон ҳар рӯз вақти танаффуси нимрӯзӣ ба шатранҷбозӣ машғул мешуданд. Баъзан ба бозӣ чунон дода мешуданд, ки ҳатто фарорасии вақти корӣ ба гӯшаи хаёлашон намеомад. Муҳаррири журнал Абдусалом Деҳотӣ аз танаффус баргашта шоҳиди воқеа мешуд, аммо гап назада ба кабинети кориаш даромада мерафт, вале ин ҳолат чандин рӯз давом кардан мегирад. Бинобарин, муҳаррир мебинад, ки намешавад, рӯзе ҳамаи ходимонро ба ҷамъомади таъҷилӣ даъват менамояд.
Вақте ки ҳама ҷамъ мешаванд, Деҳотӣ мегӯяд: Ходимони азиз, рости гап ба шумоён ҳавасам меояд. Шумо ҳар рӯз бо шавқ шатранҷбозӣ мекунеду дигарон ба тамошо банд. Аз ин маълум мешавад, ки шатранҷ бозии хеле хуб аст. Аммо мани бечора аз ин маҳрумам. Аз ин рӯ, биёед, ин бозиро ба ман ҳам ёд диҳед, то ман ҳам қатори шумоён бошам. Баъд ба идораҳои болоӣ рафта гӯям, ки мо ҳама шатранҷбоз шудем, бинобар ин ғами нашри журналро аз сари мо дур кунед. Ана баъд бемалол, ба хотири ҷамъ бозӣ карда мегардем. Бо таъбире ин рафтори муҳаррир барҳақ “рафтори деҳотиёна” буда, бе ҳеҷ як сахтрасию дилозорӣ ходимон ба интизом кашида шуданд.
Байт:
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост.

Таҳияи Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ