Масъалаи бо оби нӯшиданӣ таъмин кардани аҳолии маҳаллаҳои Камонгарон ва Вағаштӣ баррасӣ гардид

Аз қадим дар манзилҳое, ки аҳолӣ зич ҷойгир шудааст, маъсалаи замин ва об аз муаммоҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ҳудудҳои кӯҳии ноҳияи Ургут, ки ин ноҳия 513 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, чунин масъалаҳо гоҳ ба назар мерасанд ва баъзан боиси муноқишаи байни аҳолӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар байни сокинони маҳаллаҳои Камонгарон ва Вағаштии ноҳия солҳо ин ҷониб муаммои бо тақсимоти об вобаста боиси эътирози аҳолии маҳаллӣ мегардид. Бо мақсади қонеъ сохтани эҳтиёҷи аҳолии ин ду маҳалла ба оби нӯшиданӣ, ба роҳ мондани таъминоти мунтазами онҳо бо оби тоза то ҳол як қатор лоиҳаҳои таҳия гардидаанд.
Имрӯз дар рафти вохӯрие, ки бо фаъолони ин маҳаллаҳо доир гардид, ин масъала ҳамаҷониба муҳокима карда шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов таъкид кард, ки дар давоми як ҳафта шохаҳои мавҷуди обӣ тоза карда шуда, дар баъзе ҳудудҳо корҳои таъмирӣ-барқарорсозӣ анҷом дода мешаванд. Инчунин, муаммои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, ки то ҳол ҳар рӯз танҳо 2-3 соат дода мешуд, ҳал гардида, минбаъд барои ба мардум тӯли 24 соат расонидани об, лоиҳаҳо доир ба тақсими об ва бунёди иншоотҳои нав таҳия мегарданд.
Ҳокими вилоят ёдрас кард, ки дар таҳияи лоиҳаҳо фикри аҳолии ҳудуд, таклифҳои онҳо низ ба инобат гирифта мешавад.
Дар фурсати кӯтоҳ тақдимоти лоиҳаҳо гузаронида шуда, дар ҳамфикрӣ бо аҳолии маҳаллӣ барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мақбултарин корҳо оғоз меёбанд.
Дар ҳудудҳои вилоят корҳо бобати бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин кардани аҳолӣ давом дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ